< Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст

Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст
​Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки ба маҳалли ҳодиса дар маҳаллаи Гулистон ва ё маъруф ба «Сирк» рафтанд, шоҳиди мардуми зиёде дар назди бинои баландошёна шуданд.

Чанде аз ҳозирон дар ин маҳал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҷамшед Ҷамшедзода, қабл аз нисфирӯзӣ аз хонааш аз табақаи 9-уми бино афтода, ҷон додааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: «Мо аниқ намедонем, ки тасодуфан афтодааст, ё худро партофтааст.»

Як маъмури милиса дар ҷои ҳодиса низ афтодани додрасро тасдиқ кард, вале шарҳи бештар надод. Ӯ гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад ва ҷузъиётро баъдан маълум хоҳанд кард.

Ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки вориди хона шаванд. Ҷамшед Ҷамшедзодаро соли 2019 бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, додраси Суди конститутсионӣ, болотарин додгоҳ интихоб шуд.

Додраси 52 -сола зодаи деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа буда, солҳо дар муассисаҳои илмиву пажӯҳишии Тоҷикистон кор кардааст.
Хабар ба зудӣ такмил мешавад, бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий