Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии «Elmas» дар Маскав рух дода, вазъи блогери рус пас аз анҷоми амалиёт бад шудааст. Баъди ин ӯро ба яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав интиқол додаанд, аммо ӯ дар он ҷо фавтидааст.
Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ин қазия, алайҳи Шоира Назуллоева бо иттиҳоми «аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва иҷрои нодурусти вазифаи касбӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, менависад «Медуза».

Расонаҳои Русия менависанд, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо нигоҳҳои муҳоҷирбадбинона ва миллатгароёна маъруф аст, тафтиши ин парвандаро зери назорат гирифтааст.
Ҳамчунин, расонаҳои Русия иддао кардаанд, ки Шоира Назуллоева корманди клиникаи «Elmas» набуда, дар он ҷо утоқеро иҷора гирифта, кор мекардааст.
Дар сурати собит шудани иттиҳоми эълоншуда, ба ин зодаи Тоҷикистон то се соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари ин зани тоҷик дар робита ба ин қазия маълум нест.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)