Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Ҳасанзода иброз намуданд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи онҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Иброз гардид, ки чунин иқдоми хайрхоҳона на танҳо ба шодии кӯдакон мусоидат мекунад, балки ҳисси меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар ҷомеа таҳким мебахшад.
Кӯдакон ва намояндагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба роҳбарияти ноҳия барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуда, чунин чорабиниҳоро нишонаи ғамхории воқеии давлату Ҳукумат арзёбӣ карданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)