ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қиғизистон баргузор гардида, соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар даври якум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бо дастаи футболи «Мурас Юнайтед"-и Қиғизистон натиҷаи мусовии беголро ба қайд гирифта буд.
Дар даври дуюм дастаи футболи «Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз дастаи футболи «Ал-Арабӣ"-и Кувайт бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб шуд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзодаро дар ин бозӣ ҷолиб Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонид.
Ҳоло дар гурӯҳи «С» дастаи футболи «Мурас Юнайтед"-и Қиғизистон бо 4 имтиёз дар зинаи аввал аст. Дастаи «Ал-Арабӣ"-и Кувайт ҳам 4 имтиёз дорад ва дар зинаи дуюм аст. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бо «Сафо"-и Лубнон соҳиби 1 имтиёзӣ буда, дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд.
Ҳамин тавр, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)