< Тоҷикистон дар бахши давлатӣ браузери ҳуши маснӯиро ҷорӣ мекунад. Ин яке аз аввалин таҷриба дар ҷаҳон аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон дар бахши давлатӣ браузери ҳуши маснӯиро ҷорӣ мекунад. Ин яке аз аввалин таҷриба дар ҷаҳон аст

Тоҷикистон дар бахши давлатӣ браузери ҳуши маснӯиро ҷорӣ мекунад. Ин яке аз аввалин таҷриба дар ҷаҳон аст
Дар Душанбе рӯзи 25-уми октябр чорабинии AI CONF — яке аз конфронси бузургтарин дар минтақа дар мавзӯи ҳуши маснӯӣ доир гардид. Дар доираи ин конфронс ба маблағи умумии зиёда аз 117 млн доллар 20 созишнома ва қарордодҳои шарикӣ ба имзо расид.
Яке аз созишномаҳои калидӣ дар бораи роҳандозии браузери агентии ҳуши маснӯии Comet AI Browser мебошад, ки ба бахши давлатӣ мутобиқ карда шудааст. Ва ин яке аз аввалин таҷрибаҳо дониста мешавад. 
Ташаббускор кист?  Ширкатҳои Perplexity AI ва Epsilon3.ai бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд.
Дар лоиҳа дастгирии стратегияи миллӣ оид ба рушди ҳуши маснӯӣ пешбинӣ гардида, ба самти пешниҳодшуда тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба ҳуши маснӯӣ идома бахшида мешавад. Қатънома тобистони соли 2025 бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст.
Чаро ин муҳим аст?Тоҷикистон аввалин кишваре шуд, ки дар он ҳуши маснӯӣ дар масоили идоракунии давлат мавриди истифода қарор мегирад.
«Ин ҳамкорӣ ба ташаккули низоми экологии ҳуши маснӯии мустақил дар минтақа мусоидат мекунад. Бо муттаҳид сохтани технологияҳои пешрафтаи Perplexity ва таҷриаи мо дар самти бунёди низомҳои давлатии AI, мо барои идоракунии кофии рақамӣ замина муҳайё намуда, дар таҳияи инноватсияҳои ҳуши маснӯӣ дар Осиёи Марказӣ меъёрӣ нав ҷорӣ месозем», — изҳор дошт Наҷима Ноёфтова, ҳаммуассиси Epsilon3.ai.  Comet ҷустуҷӯи дастӣ ва таҳлили маълумотро иваз мекунад: акнун мансабдорон таҳлили санҷидашуда ва тавсияҳоро дар вақти воқеӣ гирифта метавонанд. Ин ба қабули қарор суръат бахшида, шаффофияти кори вазорату идораҳоро беҳтар мекунад.
Он чӣ гуна кор мекунад?Comet — ёвари зеҳниест, ки дархостро фаҳмида, манбаъро таҳлил  ва хулоса таҳия месозад.
Он ба хидматичёни давлатӣ дар ҷамъоварии маълумот, баргузории таҳқиқоти соҳавӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои танзимкунанда кумак мекунад. Масалан, низом бе иштироки одам метавонад харидҳоро таҳлил карда, нишондиҳандаҳои иқтисодиро пайгирӣ намояд.
Лоиҳа кай оғоз мегардад?Марҳилаи санҷиш тирамоҳи соли 2025 оғоз мегардад.
Ба давраи омӯзиши кори браузери ҳуши маснӯӣ 140 корманди вазоратҳо фаро гирифта мешаванд. Пас аз санҷиши муваффақона, соли 2026 густариши фарогирии кори лоиҳа ба нақша гирифта шудааст — аввал дар дигар вазорату идораҳо ва сипас — дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ.
Project AI-GOV чист?Comet — қисмате аз лоиҳаи Project AI-GOV мебошад, ки барои идоракунӣ бар асоси маълумот, низоми экологии рақамӣ бунёд мекунад.
Ба он се таркиби асосӣ дохиланд:
— ijozatnoma.tj — низоми худкор кардан (автоматӣ гардонидан)-и муҷаввиз ва иҷозатномаҳо бар асоси ҳуши маснӯӣ;
— SoroLLM — модели тоҷикии забон, ки дар заминаи маълумоти манбаъҳои миллӣ ва кушода омӯхта шудааст;
— Comet AI Browser — браузери зеҳниест, ки аз ҷониби ширкати Perplexity AI таҳия шудааст. Он ба корбарон ҷиҳати дарёфти посухҳои дақиқ ва худкор гардонидани ҷустуҷӯи маълумот бо ёрии ҳуши маснӯӣ имкон медиҳад.
Ин технологияҳо платформаи ягонаи бо ҳисси масъулият ҷорӣ намудани ҳуши маснӯиро ба идоракунӣ ташаккул медиҳанд.
— Project AI-GOV — ташаббуси ширкати epsilon3.ai, стартапи тоҷикист, ки технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахши давлатӣ ва ширкатҳои миллӣ ҷорӣ месозад. Айни замон epsilon3.ai дар шаш бозори байнулмилалӣ лоиҳаҳои худро амалӣ мекунад.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий