< Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
​Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр — Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи он бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд.

Дар шаҳри Пекин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин 8 санади нав доир ба рушди ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин  ба имзо расид.


Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий