Раҳимзода дар бораи дидбонгоҳ ва амниятиҳо дар Хоруғ: хоҳиши мардуми Бадахшон аст
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, мардуми Бадахшон худ хоҳиши мондани кормандони ОМОН -ро доранд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қазияи Хоруғ ва гузоштани дидбонгоҳҳои иловагӣ дар роҳҳои ВМКБ-ро шарҳ дод.
Раҳимзода дар шарҳи муроҷиати фаъолони ВМКБ, ки талаб карданд, то дидбонгоҳи иловагӣ гузошат нашаваду кормандони қудратӣ ба макони мустақар равона шаванд, гуфт, ин хоҳиши худи мардум аст.
"Баръакс мардуми Бадахшон хоҳиш карданд, ки кормандоне, ки дар дидбонгоҳҳо истодаанд, истанд, ман будам дар он ҷо", - гуфт вазир.
Ба қавли вазир дидбонгоҳҳо ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардум гузошта шудааст. Ва кормандони қудратӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо кор карда истодаанд.
Комментарии (0)