Сокини шаҳри Ҳисор барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш 20 сол равонаи зиндон шуд
Дар Тоҷикистон мардеро барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш равонаи зиндони низомаш сангин карданд
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, ки дар таҷовуз ба номуси ноболиғ муттаҳам мешавад, ҳукм содир кард.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Додситонии кулли кишвар, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ мушаххас шудааст, ки сокини шаҳри Ҳисор Саминов моҳи сентябри соли 2021 ба ҷияни ноболиғи худ таҷовуз кардааст.
Духтар бо сабаби дар муҳоҷират дар Русия будани волидонаш дар парастории амакаш Саминов қарор доштааст, ки ба ӯ бовар карда супурдаанд.
Нозимҷон Саминов рӯзи санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, ҷияни худро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Нисбати Саминов бо моддаи 138 қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бо қарори Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи олии Тоҷикистон Нозимҷон Саминов барои адои ҷазо дар колонияи низомаш сахт ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин мавриди таҷовузи ноболиғон набуда, дар гузашта низ додгоҳҳои кишвар шоҳи пурсарусадотарин чунин мурофиаҳо шуда буд.
Комментарии (0)