Охирин хабарҳо аз марз: теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 нафар расид
Дар пайи задухӯзди ахир дар марз теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон афзоиш ёфт
Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон ба 13 тан расид.
Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон захмиён аз маҳалли ҳодиса ба Шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шудаанд.
Гуфта мешавад, миёни захмиён ду мулкӣ ва 11 тани дигар низомиёнанд, ки табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар куҳҳо ҷобаҷо шудаанд ва аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд ва аз чор тараф тирборон доранд.
Барқ низ хомӯш шудааст.
Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.
То кунун мақомот дар бораи фавт ва шумори захмиён расман хабар намедиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон кардани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон аз марзи сарҳадӣ сар задааст.
Намояндагони мақомоти ҳарду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тирандозӣ карданд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон печид.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
Комментарии (0)