< Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард

Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни иттилоърасонӣ дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон хабарҳои нодуруст вуҷуд дорад

Қирғизистон тавассути расонаҳо ҳамлаи иттилоотӣ анҷом медиҳад.

Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш таъкид кард.

"Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад.", - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша рух дод.

Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, муноқишаб ба далели бо санг задани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сар задааст.

Тавре дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистон мошини шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран боздоштанд.

Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти ҳарду ҷониб тасмими дидорро мегиранд.

Мақомоти тоҷик барои гуфтушунид ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешаванд, аммо намояндагони Қирғизистон ба мулоқот наомада, ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 марзбононашон мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушоданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.

Аз маҳалли ҳодиса, 11 сарбози тоҷик ва ду ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Дар бораи як нафар фавтида низ гуфта мешавад, ки ӯ ҳам сокини маҳаллӣ аст.

Аз ҷониби Қирғизистон бошад, хабарҳо дар бораи 4 захмӣ расидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий