Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат намекунад: шарҳи кумита
Варзишкорони тоҷик натавонистанд барои ширкат дар Олимпиадаи Пекин роҳхат бигиранд
Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин иштирок намекунад, дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, варзишгарони тоҷик натавонистанд роҳхати олимпиро ба даст оранд, зеро дар кишвар танҳо дар намуди варзишҳои зимистона лижаронии кӯҳи асту тамом
Ҳамазмон ба гуфтаи Кумита ду нафар варзишкорони кишвар аллакай аз стипендияи олимпӣ бархурдор буданд.
Масъули КМО гуфт, ҳамзамон бар асари пандемияи коронавирус варзишгарони тоҷик иштирок карда натавонистанд.
"Се-чор мусобиқаи литсензионӣ буд, ки мебоист дар Покистону Эрон доир шавад, вале бо сабаби пандемия барҳам дода шуданд", - манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки раҳбари Чин Си Ҷинпин, сарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои боздид аз Чин ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват намудаст.
Аз ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ даъват кардаст, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 иштирок намояд.
Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи 4 феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад.
Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, хоккей ва ғайра дар назар аст.
Комментарии (0)