< Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд

Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд
Сарбозони тоҷикро бо ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато ба Тоҷикистонн фиристоданд

Воҳидҳои посдорони сулҳи СПАД аз Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Алмаато берун шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Зимнан зикр мегардад, ки хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷойҳои таъиноти доимӣ рафтаанд.

Сарбозони Арманистон ва Тоҷикистон, ки дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои СПАД дар Қазоқистон буданд, бо чаҳор ҳавопаймои низомии Русия аз Қазоқистон берун шуданд.

Нерӯҳои посдори сулҳи тоҷик бо як ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато фиристода шуданд, афзудааст манбаъ.

Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон барои гузаронидани таътил ба ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.

Нерӯҳои сулҳбони Қирғизистон аз қаламрави Алмаато бо корвони худӣ ба сӯи марзи давлати худ ҳаракат карданд. Онхо бояд қариб 250 километр масофаро тай кунанд, то ба хоки Қирғизистон расанд.

Субҳи барвақти рӯзи 14 январ 10 ҳавопаймо бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон ба Минск низ парвоз карданд.

Бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистон эъзом шавад. Ба ин кишвар сарбозон аз Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон фиристода шуданд.

Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфта буд, ки бозгашти нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон рӯзи 19 январ ба поён мерасад.

Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.

Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.

Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.

Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий