Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
Аз 15 январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бояд 48 соат пеш аз сафар аз санҷиши ПСР гузаранд
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйир дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазортаи тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, оғоз аз аз 15 январ ҳар нафаре, ки ба ин кишвар ворид мешавад, бояд натиҷаи ташхиси ПСР-ро 48 соат пеш аз сафар пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гузаронида мешуд.
Қайд карда мешавад, ки дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи манфии ПСР барои коронавирус, шаҳрвандони хориҷӣ бояд экспресс-тест супоранд.
Марказҳои санҷиш дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкил карда шудаанд.
Чунин навгонӣ дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус - "омикрон" роҳандозӣ мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки навъи ҷадид коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, сабт шудааст.
Ҳамаи мусофирон, ки ҳамроҳи бемор парвоз карда буданд карантин шуданд: 130 шаҳрванди Ӯзбекистон хонашин шуданду, 70 шаҳрванди хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҷо ба ҷо крада шуданд.
Бояд қайд кард, и кдар Ӯзбекистон ваксинзании бепул роҳандозӣ шудааст.
Шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд бо доруҳои зерин моякӯбӣ шаванд: ваксинаи таҳияи ӯзбекӣ - чинии ZF-UZ-VAC 2001, "Спутник V" - и Русия, AstraZeneca, Moderna -и амрикоӣ, ваксинаи амрикоӣ-олмионии Pfizer/BioNTech ва CoronaVac -и чинӣ.
Комментарии (0)