< Дар Бонки миллӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Бонки миллӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид

Дар Бонки миллӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид
Ҷиҳати тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд Бонки миллии Тоҷикистон.

Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои суиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, иброз дошт, ки “барнома ва нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмӯи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия дар давраи дарозмуддат ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд».

Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандон баргузории якчанд вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи қатъӣ бо коррупсия, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва ба ин васила решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муҳокима сурат гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий