Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил гардид
Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон дар саҳни бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид. Ташкили ярмаркаи мазкур ҳамчунин кори ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанберо, ки дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ дар ҳифзи назму тартиботи ҷамъиятӣ қарор доранд, осон намуд, хабар доданд аз маркази матбуоти Раёсат.
Дар ярмарка-фурӯши мазкур соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва ғайраро бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.
Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба нақша гирифта шудааст.

Комментарии (0)