< Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд

Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Русия муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин изҳоротро раҳбари Тоҷикистон дар дидори дуҷониба дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баён дошт.

"Муносиботи байни кишварҳои мо дар ҳама самтҳо босуръат рушд мекунанд. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад", - гуфт Раҳмон дар суҳбат.

Ба гуфти раисиҷумҳури Тоҷикистон, табодули коло миёни кишварҳо дар як сол 25 дарсад афзоиш ёфтааст, ки беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад.

"Ман омодаам, ки бо шумо вазъ ва дурнамои равобит ва ҳамкориҳои кишварҳоямонро баррасӣ кунам", - афзуд раҳбари Тоҷикистон.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий