Путин гуфт, дар Русия 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
Дар Русия 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба таври мувуаққат кору зиндагӣ мекунанд. Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард.
"Ман таваҷҷуҳ ва ғамхории шуморо ба рушди забони русӣ медонам... Хоҳиши омӯхтани забони русӣ зиёд аст. Ин фаҳмо аст, зеро имрӯз ҳудуди 1 миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд ва кор мекунанд", - изҳор дошт Путин ба Раҳмон.
Тибқи маълумоти мавҷуда, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба далели маҳдудиятҳо бар асари пандемия ба ватан ҳудуди 1,8 миллиард доллар ва дар соли 2020 ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, Русия ба манзури ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили марбут ба муҳоҷирати кориро ҳал мекунад.
Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 28 декабр дар шаҳри Санкт - Петербург баргузор мегардад, озими Русия шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил Рӯзи Ғалаба 9 май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доир карда буданд.
Моҳи сентябр раисиҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ин сафарро лағв кард.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)