< Савганди Ҷавҳарӣ дар парлумон: Ӯ узви кумитаи парлумон дар умури байналмилалӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Савганди Ҷавҳарӣ дар парлумон: Ӯ узви кумитаи парлумон дар умури байналмилалӣ шуд

Савганди Ҷавҳарӣ дар парлумон: Ӯ узви кумитаи парлумон дар умури байналмилалӣ шуд
Муҷибахон Ҷавҳарӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардид.

Лоиҳаи қарор дар ин бора дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон тариқи овоздиҳӣ қабул гардид, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".

Ҷавҳарӣ бар асоси феҳрасти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вориди парлумон шуд. Ӯ ба ҷои Абдураҳим Холиқзода, ки бо фармони президенти Тоҷикистон директори Маркази исломшиносӣ дар назди президенти Тоҷикистон таъйин шуд, ба курсии вакилӣ нишаст.

Маврид ба зикр аст, ки Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси рӯзноманигор мебошад.

Ӯ аз соли 1993 то 2005 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, то 2010 мудири ҳамин мактаб ва то соли 2014 ҳам сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара будааст. Аз ҳамон сол то 2020 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ёвари мудири кулли ҶСК "Ангишт", муовин, баъдтар мудири филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъйин шудааст.

Вазифаи охиринаш мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Исфара будааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ 14-умин нафарест, ки аз рӯйхати 22-нафараи ҳизбии ҳокими ҲХДТ вориди парлумон гардид.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий