< Мансабфурӯшӣ дар пойтахт: Зани 47 - сола барои соҳиби вазифа шудан 187 ҳазор сомонӣ дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мансабфурӯшӣ дар пойтахт: Зани 47 - сола барои соҳиби вазифа шудан 187 ҳазор сомонӣ дод

Мансабфурӯшӣ дар пойтахт: Зани 47 - сола барои соҳиби вазифа шудан 187 ҳазор сомонӣ дод
Корафтода ин миқдор маблағро ба дасти зане додааст, ки қаблан бо ҷурмӣ содир кардани ҷинояти қаллобӣ ҷазо дода шуд

Кормандони милитсия аз қаллобии як сокини Душанбе хабар додаанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳоии дохилӣ хабар медиҳад, ки ба шӯъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Фирдавсӣ як зани 47 - сола, сокини ноҳияи Лахш бо ариза шикоят намудааст.

Ба изҳори муроҷиаткунанда, ӯро як зани 56 - сола, сокини шаҳри Душанбе фиреб додааст.

"Ба сокини ноҳияи Лахш ваъда додааст, ки ба ӯ ягон вазифаи роҳбарикунанда медиҳад. Бар ин ивази ваъдаи мансабдиҳӣ ах муроҷиаткунанда 187 ҳазор сомонӣ гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, аз маслиҳату пулгирии ин зан расо 5 моҳ сипарӣ шуд, вале зани 47 - сола на соҳиби курсӣ ва на маблағи додагияшро бозпас гирифт. Ин зан қаблан низ бо моддаи 247 -и Кодекси ҷиноӣ суд шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур тайфтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий