Баъди зиндонӣ шудани Парвиз Давлатов Мадина даргузашт
16-уми декабр Мадина Мамадҷонова баъди сеюним моҳи беҳушӣ дар беморхонаи «Қарияи Боло» даргузаштааст. Дар ин бора вакили мудофеи Мадина Мамадҷонова — Оқил Сангов иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, ки Суди Олӣ ҳукми Парвиз Давлатовро шоми 14-уми декабр эълон кард.
Парвиз Давлатов, тавре қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расонидан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст.
Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова дар Суди Олӣ ҳанӯз идома дошт.
Комментарии (0)