< Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон Суғд грант дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон Суғд грант дод

Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон Суғд грант дод
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, грант супорид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд грантҳо бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, инкишофи ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ва бо кор таъмин намудани занону духтарон супурда шуд.

Иттилоъ дода шудааст, ки маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ буда, муҳлати лоиҳа аз соли 2021 то соли 2025 - ро дар бар мегирад.
Грантҳо ба занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои онҳо дар озмун ғолиб меоянд, дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, 6 нафар бонувони ҳунарманди шаҳри Хучанд, аз ҷумла Матлуба Ниёзова, Насиба Абдқодирова, Мутриба Султонова, Салима Кимсанова, Бароат Ӯрунова, Насиба Бобоҷонова аз панҷ то даҳ ҳазор сомонӣ соҳиби маблағи Гранти Раиси вилоят дар ҷодаи ҳунармандӣ гардиданд.

Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон 3 нафар ғолибони озмуни Атласу адраси Суғд -2021" Дилфуза Муқимова, Қурбоной Сатторова ва Мадина Анварова соҳиби мукофотпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гардиданд.

Қаблан мақомоти Суғд таъкид карда буд, ки онҳое, ки барои дарёфти грант лоиҳа пешниҳод менамоянд, бояд ду соли охир дар маҳали амалишавии он ҳамчун истиқоматкунанда ба қайд гирифта шуда бошанд. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа камаш шаш моҳ буда, дар сурати аз худ накардани маблағҳои ҷудошуда амали он боздошта мешавад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий