< ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд

ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ миёни мақомоти дохилӣ ва мактабҳо дар кишвар таҳким бахшида мешавад

Ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, барои роҳандози равобит, кормандони милиса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону муҳассилин суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.

Зикр шудааст, ки аз ҷумла мақомдорони ВУД, бо хонандагони литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар мулоқот намуданд.

Полковник Юсуф Обидзода, сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ин мулоқот аз шароити фароҳамшуда барои таҳсили ҷавонону мактаббачагон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳар якеро зарур аст, ки барои азхуд кардани илму донишҳои муосир кушиш ба харҷ диҳад.

Инчунин дар ҷамъомад талаботи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тавзеҳ дода шудаанд.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот будаанд.

Ба иттилои ВУД, муҳассилину омӯзгорон ваъда додаанд, ки барои пешгирии қонунвайронкуниҳо робитаро бо маъмурини милиса боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ миёни ноболиғон, аз ҷумла занозаниҳои гуруҳӣ, ки баъзан бо марг меанҷоманд, пайваста дар ҷаласаҳои мақомоти умури дохилӣ баррасӣ мегарданду барои пешгирии чунин ҳолатҳо дастурҳо дода мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий