Боздошти омӯзгори мактаб бо иттиҳоми фурӯши "аттестат"
Оҷонсии мубориза бо фасод як омӯзгори мактаби миёнаро боздошт кардааст, ки дар фурӯши шаҳодатномаи хатм муттаҳам мешавад
Як омӯзгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бустони вилояти Суғд бо иттиҳоми фурӯши шаҳодатномаи хатм боздошт шудааст
Оҷонсии зидди фасод омӯзгорро дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А” ба Адастгир кардааст
Ба иттилои манбаъ, омӯзгор С.М барои омода карда додани шаҳодатномаи хатми мактаб барои синфи 11 ҳазор доллари талаб карда, аз ин маблағ 500 долларашро гирифта, овардани боқимондаи дигарашро талаб кардааст.
"Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, С.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи пулии 500 доллари ИМА боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд", - афзудааст дафтари матбуотии Оҷонсӣ.
Гуфта мешавад, нисбати С.М. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем дар гузашта Оҷонсии зидди фасод соҳаи маорифро дар қатори низоми бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тандурустии кишвар дар қатори фасодзадатаринҳо шомил карда буд.
Ба гуфтаи Шодком Турсунзода, як масъули Оҷонсӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 1833 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он вобаста ба қайд гирифта шуд, ки 779 мавриди онҳоро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.
Комментарии (0)