< Сабукӣ барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сабукӣ барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Сабукӣ барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Консорсиуми "Tractebel Engineering S.A." ва зерсохторҳои он аз пардохти бархе намудҳои андоз зимни сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" озод мебошанд

Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи консорсиуми "Tractebel Engineering S.A." зимни сохтмони неругоҳи барқи обии "Роғун" дар соли 2022, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

Ин нукта дар қонуни буҷа барои соли 2022 таъкид шуда, зикр гардидааст, кору хизматрасониҳо тибқи шартномаи тарафайн амалӣ мешаванд.

Инчунин илова гардидааст, ки дар соли 2022 кор ва хизматрасонии зерпудратчиёни консорсиум низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Нерӯгоҳи "Роғун" бузургтарин иншооти Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ мустақилона ба бозсозии он соли 2008 оғоз кард.

Ҳоло танҳо ду агрегати НБО-и "Роғун" кор мекунанд, ки аввалаш моҳи ноябри соли 2018 ва дуввумӣ моҳи сентябри соли 2019 ба кор андохта шуд.

Дар маҷмӯъ, дар НБО “Роғун” насби шаш агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадомаш 600 МВт арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ то соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Нерӯгоҳи "Роғун" бо садди 335 метрӣ ва иқтидори тавлиди 17 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар сол, бузургтарин дар минтақа хоҳад буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий