Электробусу троллейбуси истеҳсоли Тоҷикистон дар Душанбе ба кор оғоз карданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ равуои электробус ва троллейбуси насли нав оғоз шуд.
Тавре директори иҷроияи “Акиа Авесто Автоматив Индастри” Асрор Мирзоев хабар дод, онҳо дар Тоҷикистон ҷамъу васл шудаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, электробус пас аз пурра неру гирифтан то 200 км ва троллейбус бо неруи дар батареяҳо захирашуда - то 40 км ҳаракат карда метавонанд. Ғунҷоиши онҳо 100 нафар мусофирро ташкил дода, дарозиашон - 12 метр аст.

Мирзоев изҳор намуд, ки баъди анҷоми озмоиш ширкат дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута аз давраи озмоишӣ натиҷагирӣ карда, дар корхонаи Akia Avesto ба истеҳсоли як силсила электробусу тролеейбусҳо шурӯъ мекунад.
Зимнан зикр шуд, ки электробус ва троллейбус ба меъёрҳои аврупоӣ мутобиқ буда, лоиҳаи ҷамъу васли онҳо мувофиқи талабот барои бароҳатии мусофирон таҳия шудааст.

“Тадриҷан афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки теъдоди мошинҳо бо истифодаи барқ, аз ҷумла электробусу троллейбус ва электромобилҳо зиёд шавад. Ба туфайли ин вобастагии ҷумҳурӣ аз кишварҳои содиркунандаи нафт камтар мешавад”, - мегӯяд Мирзоев.

Мирзоев изҳор намуд, ки баъди анҷоми озмоиш ширкат дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута аз давраи озмоишӣ натиҷагирӣ карда, дар корхонаи Akia Avesto ба истеҳсоли як силсила электробусу тролеейбусҳо шурӯъ мекунад.
Зимнан зикр шуд, ки электробус ва троллейбус ба меъёрҳои аврупоӣ мутобиқ буда, лоиҳаи ҷамъу васли онҳо мувофиқи талабот барои бароҳатии мусофирон таҳия шудааст.
Комментарии (0)