< Тоҷикистон барои устуворӣ ба тағйироти иқлим грант мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон барои устуворӣ ба тағйироти иқлим грант мегирад

Тоҷикистон барои устуворӣ ба тағйироти иқлим грант мегирад
Бонки осиёии рушд барои Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад, то устворияш дар баробари тағйири иқлимро таҳқим бахшад.

Тибқи иттилои намояндагии БОР дар Душанбе, грант дар ҳаҷми 1,3 миллион доллар барои кор дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона мешавад.

Таъкид шудааст, ки тағйироти иқлимӣ, офатҳои табиӣ аз мушкилоти асосӣ барои бахши кишоварзии Тоҷикистон арзёбӣ гардиданд.

"Кумаки техникӣ барои дастгирии тарҳрезии сармоягузориҳои стратегӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона мешавад", - омадааст дар иттилоия.

Ба ақидаи коршиносон, дар солҳои наздик эҳтимолияти хушксолӣ афзоиш меёбад, ки аз 3 дарсад то ба 25 дарсад дар нимаи асри ҷорӣ зиёд мешавад.

Бориши кам ва афзоиши ҳарорат ба коҳиши ҳосилнокӣ меорад, ки ин ҳама метавонад боиси осебпазирии амнияти ғизоӣ гардад.

Дар доираи лоиҳа мутахассисон хатарҳои иқлимиро арзёбӣ карда, картаи осебпазириро таҳия мекунанд. Инчунин ба мақомоти Тоҷикистон дар омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим дар бахши хоҷагии қишлоқ ва захираҳои табиӣ кумак мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки Барномаи рушди СММ барои устувории Тоҷикистон дар баробари тағйироти иқлим ҳудуди 2,7 миллион доллари амрикоиро ҷудо кард.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий