< "Мерседес"-и бегонаро аз пеши ҳавлияш фурӯхтааст: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Мерседес"-и бегонаро аз пеши ҳавлияш фурӯхтааст: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе

"Мерседес"-и бегонаро аз пеши ҳавлияш фурӯхтааст: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ба идораи пулис дар ноҳияи Сино марди 40-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз қаллобии сокини 42-солаи пойтахт шикоят намудаст.

Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 27-уми октябр марди 42-сола ба бовариаш даромада, мошини "Мерседес-Бенс"-и як нафари дигарро ба ӯ бо нархи 47,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтаст.

Манбаъ таъкид кард, ки ин мошин дар ҳавлии нафари муттаҳам қарор доштааст, аммо молики аслии он нафари дигар будааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир аз тарафи мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳолатҳои қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин зиёд иттилоъ дода мешавад.

Дар бисёри ҳолатҳо харидорон мошинро қарз гирифта, баъдан онро бо нархи арзон мефурӯшанду маблағашро аз худ мекунанд.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий