Мулоқоти вазири маориф бо устодон дар Хоруғ: Ӯ гуфт, ҷойи донишҷӯй китобхона аст
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот кардааст
Мулоқоти вазири маориф бо ҳайати кормандони донишгоҳи Хоруғ дар пасманзари эътирозҳои ахир дар маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Ба иттилои "Оинаи зиндагӣ", нашрияи ҳукумати Хоруғ, Имомзода дар мулоқот таъкид намудааст, ки устодон бештар аз аввала бояд рисолати асосии хешро дар назди ҷомеаву давлат иҷро намоянд.
Вазир зарур хондааст, ки устодон шогирдонро пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободию созандагӣ тарбия кунанд.
"Манфиати мардум, давлат ва миллат аз ҳама болотар меистад. Муҳассилини донишгоҳ бояд ояндаи равшан дар пеш дошта бошанд. Зеро ҷойи донишҷӯ пеш аз ҳама китобхона, донишгоҳ ва боргоҳи маърифат аст", - зикр шудааст аз қавли вазири маориф.
Ӯ афзудаст, ки омӯзгоронро лозим аст, ба донишомӯзию маънавиёти донишҷӯён таваҷҷуҳ кунанд.
Манбаъ афзуд, ки профессор Гулзорхон Юсуфзода, ректори ДДХ, иброз доштаст, ки раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳукумат буда, ба ҳамаи вазъу ҳолатҳо нигоҳ накарда, содиқ мемонанд.
Комментарии (0)