< Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид

Шералӣ Кабир: Фурсати қудратгирии Тоҷикистон нав фаро расид
Вазири тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон акнун метавонад бо тавлиди энержии сабз дар ҷаҳон пешрафт кунад

Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, фурсат барои Тоҷикистон дар самти тавлиди энержии сабз нав фаро расид ва ин имкони хубест барои пешрафт дар арсаи ҷаҳонӣ.

Ин андешаро вазир дар чорчӯби Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав дар суҳбат изҳор кард.

Ба гуфти Шералӣ Кабир 4 фоизи қодирияти тавлиди энержии сабзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст вале аз ин кишвар танҳо 5 фисади онро истифода мекунад.

"Имрӯз рӯзи мо омадааст, чун равандҳое, ки дар дунё ҷараён дорад ба он оварда мерасонанд, ки соҳаи энержии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок бошад. Тамоми қудрати давлати мо дар ҳамин аст ва он метавонад маблағ биёрад", - гуфт вазир дар суҳбат.

Ба гуфти Шералӣ Кабир 98 фоизи тавлиди нерӯ дар Тоҷикистон барқи тоза аст ва маҳсулоте, ки бо энержии сабз истеҳсол мешавад дурии кишварро аз бозори ҷаҳонӣ ҷуброн мекунад.

Вазир ба масъалаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дахл карда гуфт, зимни пурра ба истифода дода шудани он, натанҳо Тоҷикистон балки кишварҳои минтақа низ фоида мебинанд.

"Роғун натанҳо кишварҳои минтақаро ба об таъмин мекунад, балки заминҳои навро обёрӣ менамояд. Ва аз ҳисоби ин заминҳо бозори Русия соҳиби маҳсулот мегардад", - бовар дорад вазир.

Комментарии (0)

Оставить комментарий