Дар Тоҷикистон замин ҷунбид
Дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, ларзишҳои замин бо шиддати 4,8 дараҷа дар соати 08:46 ба вақти маҳаллӣ (03:46 ГМТ) ба қайд гирифта шуданд.
Маркази заминларза дар километри 120-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар километри 44-уми самти шарқ аз ноҳияи Рашт, дар ҳудуди минтақаи Рашт ҷойгир будааст.
Ларзиши замин дар водии Рашт 3 баллро ташкил додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем моҳи ноябр дар кишвар 5 ҳолати ларзиши замин сабт шуда буд.
Охирини он бо шиддати 4,6 балл сабт шуда буд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)