< Дар Фахробод чӣ гузашт: Шарҳи Вазорати мудофиа » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Фахробод чӣ гузашт: Шарҳи Вазорати мудофиа

Дар Фахробод чӣ гузашт: Шарҳи Вазорати мудофиа
Дар машқгоҳи таълимии Фахробод ҳафтаи равон машқҳои баталионӣ -тактикӣ ташкил ва ба роҳ монда шуд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки дар размоишгоҳ бо ҷалби ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ тамринҳо доир гардиданд.

Манбаъ меафзояд, бо оғоз гардидани машқҳо гурӯҳҳои ташкилёфта ба муайян кардани мавқеи ҷойгиршавии душмани шартӣ оғоз намуданд.
"Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуданд ва гурӯҳи дигар бошанд, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ҳамин тариқ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва пешгирӣ аз ҳамлаи душманони шартӣ байни қувваҳои сулҳхоҳ ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳдор муноқишаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷаи он гӯё душманон маҳв гардиданд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии баргузор намудани тамринҳои навбатӣ, баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ мебошад.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий