Духтаре бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофт (видео)
Аз болои пули назди бинои “Шарқи озод” духтаре ба ҷони худ қасд карда, худро ба дарёи Душанбе партофт. Хабарнигорони сомона фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ин ҳодиса имрӯз, 23 ноябр тақрибан соати 10:15 сар зад.
Вақте ки журналистон ба ҷойи ҳодиса омаданд, анбӯҳи зиёди одамон ҷамъ омада, духтарро аз дохили дарё берун бароварда буданд.
Тавре ба хабарнигорон маълум гардид, ҳодисаро аввалин шуда, кормандони БДА-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалолов ва Файзулло Раҳимов, ки дар роҳи асосӣ вазифаи хизматиашонро иҷро мекарданд, дидаанд. Баъдан, тавассути “ратсия” ин ҳодисаро ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд.
Аммо то омадани кормандони мақомоти милитсия Сафаралӣ Ғоибов, сокини шаҳри Душанбе, ки манзилаш дар наздикии тарабхонаи “Форель” ҷойгир аст, ногаҳон доду фиғони мардумро мешунавад. Ва мебинад, ки духтаре худро ба дарё партофт. Ӯ аз болои девори хонааш ҷаҳида, худро ба дарё партофта ва духтарро аз дохили дарё то лаби соҳил меорад. Сипас, чанд каси дигар барои кӯмак ба соҳил расида, духтарро аз об берун мебароранд.
Сафараралӣ Ғоибов ин ҳодисаро чунин нақл кард:
-Дар ҳавлӣ будам, якбора фиғони баланди мардум ба гӯшам расид, ки худро ба дарё касе партофт, наҷот диҳед. Ин вақт ба ҳеҷ куҷо нигоҳ накарда, аз болои девори ҳавлӣ парида, дохили дарё шудам. Духтарро бо азоб кашола карда, то соҳил расондам. Баъд чанд каси дигар кӯмак карданд ва духтарро то назди тарабхонаи “Форель” расондем. Ман фақат бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам”.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки вақте духтар худро аз болои пул мепартофт, як шахси наздик ба ӯ аз пасаш давида истода буд. Баъдан маълум шуд, ки ин мард падараш будааст, ки барои пешгирӣ аз худкушии духтараш аз пасаш омада будааст.
Файзулло Раҳимов, нозири БДА-и шаҳри Душанбе ин ҳодисаро чунин баён дошт:
-Мо аз ин тарафи роҳ истода будем. Давидани падарашро дидем ва дидем, ки чӣ гуна ногоҳ духтар худро аз болои пул ба об партофт.
Агар наздиктар мебудем, пеши роҳашро мегирифтем. Баъдан, фавран тариқи “ратсия” ба мақомоти милитсия ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар расондем”.
Чун мо дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштем, аллакай кормандони милитсия омада буданд. Баъд аз ёрии аввалия, мошини “Ёрии таъҷилӣ” расида омад.

Комментарии (0)