< Ду сокини Душанбе баъди шикояти ҳамсаронашон боздошту ҳабс шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду сокини Душанбе баъди шикояти ҳамсаронашон боздошту ҳабс шуданд

Ду сокини Душанбе баъди шикояти ҳамсаронашон боздошту ҳабс шуданд
Ду сокини шаҳри Душанбе барои хушунати хонаводагӣ 5 - рӯзӣ ҳабси маъмурӣ гирифтанд

Раёсати умури дохилии ВКД дар шаҳри Душанбе ду мардро пас аз шикояти ҳамсаронашон боздошт кардааст. Мардон дар латукӯби занҳояшон муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи баррасии муроҷиати як зан дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур муайян гардид, ки шаҳрванд М.Ҳ.- и 41- сола нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода мебурдааст.

Охирин маротиба номбурда санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, ин мард бо қарори суд ба муҳлати 5 рӯз ҳабс карда шуд.

Ҳамзамон пулис сокини дигари 36- солаи пойтахтро бо ҳамин кирдор боздошт кардааст, ки ӯ низ 5 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Боздоштшуда санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зуровариро истифода кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий