< Ваъдаи шайхҳои Дубай ва "ҳилла" -и Ясмин: Абдурозиқ ва Барон ҷудо шуданд - видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ваъдаи шайхҳои Дубай ва "ҳилла" -и Ясмин: Абдурозиқ ва Барон ҷудо шуданд - видео

Ваъдаи шайхҳои Дубай ва "ҳилла" -и Ясмин: Абдурозиқ ва Барон ҷудо шуданд - видео
Беҳрӯз Шариф, ки бештар ба номи Барон машҳур аст, аз қатъи ҳамкорӣ бо рэпсаро ва блогер, Абдурозиқ хабар дод ва ӯро дар хиёнат муттаҳам кард

"Барон ва Абдурозиқ дигар бо ҳам нестанд", "Абдурозиқ Баронро "кидать кард"... ва сару садоҳои дигар дар бораи қатъӣ ҳамкории ин ду рэпсаро ва блогерони тоҷик ахиран посухи қатъиро пайдо кард. Ҳарчанд, чанд рӯз пеш, Барон бо нашри як навор ба ботил будани ин сару садоҳо таъкид кард ва хост ҳамвандони худу Абдурозиқро ором кунад.

Вале бегоҳи 17 ноябр, Беҳрӯз Шариф (Барон) бо нашри як навор эълон кард, ки Абдурозиқ дигар бо ӯ нест ва ҳамкории онҳо ба анҷом расид.

https://youtu.be/uhsrz1SVzkU

Барон дар навори нашрнамуда аз заҳмати шабонарӯзии худ барои муваффақ кардани Абдурозиқ ёдовар шуд ва ӯро ба хиёнат муттаҳам кард.

Абдурозиқ, пас аз гирифтани раводиди тиллои чанде боз дар Дубай қарор дорад, ва ахиран тасмим гирифтааст, ки бо Барон кори муштаракро қатъ кунад ва "устодаш" -ро ба он муттаҳам кард, ки тамоми тӯҳфаву ашёҳои қиматбаҳоро гӯё ва маблағи калон, ки аз набарди баргузорнашудаи ӯ бо Ҳасбики доғистонӣ ба даст овард, азхуд кардааст.

Ӯ дар сафҳаи Instagram -и худ навор нашр намуда, изҳор доштааст, ки дигар хап намешинад.

"Канӣ 1 миллион рубли барои ҷанги ману Ҳасбиқ? Ман 100 дарсад гарантия медиҳам, ки дар дасти акаи Барон. Бори охир Маскав рафтем, 120 ҳазор сомниро дар корти акаи Шӯҳрат гузарониданд. Канӣ он пулҳо? Ман ин қадар сол чизе нагуфтам. Аллоҳи меҳрубон медонад, киро бизанад"", - ғазаболуд изҳор доштааст Абдурозиқ.

Аммо Барон ҳамаи иттиҳомотро рад кард ва аз як ба як дар куҷо масраф шудани маблағҳоро гуфт. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар Панҷакент барои Абдурозиқ замин хариданд ва як "пакет пул" - ро ба дасти падараш додааст.

Дар навори Барон чанд маротиба номи Ясмин ном зан такрор шуд, вале маълум нест, ки ин зан тоҷик аст ё араб. Ба нақли Барон гӯё маҳз ин зан Абдурозиқро шӯр андохт ва коре кард, ки миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ аз байн равад.

Ба таъкиди Барон шайхҳои Дубай ба Абдурозиқ ваъда додаанд, ки дар Панҷакент ва Душанбе барои ӯ хона мехаранд. Аммо Барон ҳарфҳои онҳоро ҳавоӣ арзёбӣ карда, бар ин бовар аст, ки онҳо Абдурозиқро дар нимароҳ мемонанд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ба Абдурозиқ борҳо такрор ба такрор таъкид мекард, ки "бисёр ҳавобаландӣ накунад, ки оқибати нохуб дорад".

Комментарии (0)

Оставить комментарий