< Таъйиноти кадрӣ: Ализода Аъзам раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таъйиноти кадрӣ: Ализода Аъзам раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд

Таъйиноти кадрӣ: Ализода Аъзам раиси ноҳияи Мастчоҳ шуд
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Ализода Аъзам Наврӯз, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъйин шудааст

 Аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ин хабарро тасдиқ намуданд.

Фармони Президент дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин намудани Ализода Наврӯз рӯзи 17 -уми ноябр содир шудааст”, - гуфт манбаъ.

Курсии раиси ноҳияи Мастчоҳ баъди даргузашти Тоҳир Азиззода дар ду моҳ ба ин тараф холӣ буд.

Ализода Аъзам Наврӯз то ин замон сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд буд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҳир Азиззода, рӯзи 14 сентябр бар асари беморӣ дар синни 41-солагӣ аз олам даргузашт. Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии "Машъал" дар робита ба даргузашти Азиззода ба Sputnik изҳор дошт, ки иллати марги ӯ номаълум аст.

"Табъ карданду фишорашон ҳам баланд шуд", - афзуда буд Ҳикмат.

Марҳум 13 январи соли 2020 бо фармони кишвардори Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйн шуд ва аз ҷониби раиси вилояти Суғд зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий