Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти ояндаи вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон
Намояндагони толибон ба нишасти саввуми вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон даъват мешаванд, хабар медиҳад ТАСС аз қавли вазири умури хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ.
"Ҳукумати муваққати Афғонистон ба нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешавад", - омадааст дар хабар.
Вазири умури хориҷаи Покистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ҷонибдори нигоҳ доштани ҳамкориҳои созанда бо Кобул мебошад.
Гуфта мешавад, нишасти навбатӣ дар Чин баргузор мегардад ва дар кори он Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Нахустин мулоқоти онҳо 8 сентябр дар Исломобод ва дуввумӣ 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд ва толибҳо ба ягон вохӯрӣ даъват нашудаанд.
Дар нишасти охирон, вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.
Онҳо аз толибон хостаанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсоягонаш таҳдид шавад.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)