Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо накардааст: музокирот идома дорад
Музокирот миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарчанд ду маротиба доир шуд, вале ҷонибҳо ҳоло ба мувофиқа нарасиданд
Шаҳрванди 24 - солаи Қирғизистон, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд, ҳамоно дар Тоҷикистон қарор дорад ва масъалаи бозпас додани ӯ норавшан аст, хабар медиҳад котиботи КДАМ он кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон дар убури ғайриқонунии марз гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 21 октябр дар деҳаи Пахтакор, ки падараш дар онҷо зиндагӣ мекунад, боздошт шудааст.
Манбаъ меафзояд, намояндагони марзбонии ду кишвар аллакай ду маротиба дар мавриди раҳо шудани шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон гуфтугӯ карданд, вале ба мувофиқа нарасиданд.
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард. Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров, шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Онҳо бо моддаҳои 380 (ҷиноят ба зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ) гунаҳкор дониста шуданд.
Хабари ҳукми абад гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳангомабарангез шуд. Аз ҷумла сиёсатшиноси тоҷик, Парвиз Муллоҷонов дар сафҳаи facebook -ии худ аз маҳкум шудани ду тоҷикистонӣ ба ҳукми абад шадидан изҳори нигаронӣ намуд.
"Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкор ҳастанду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон амалӣ шуданд", - навишта буд ӯ.
Дар идома, ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуд, ки барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош кунанд. Ба боварии ӯ, агар ҳукумат баҳри раҳоии онҳо коре сомон нагирад, пас дар оянда дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ бо ҳамсоякишвар, бисёриҳо барои ҳифзи марзу бум намехезанд.
Комментарии (0)