< Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд

Корхонаву дармонгоҳҳои Кӯлобро барои 150 миллион сомонӣ қарз ба додгоҳ кашиданд
Миёни қарздорҳо ҳамчунин номи 4 беморхона низ зикр шудааст, ки давоми 10 моҳи ахир пули истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд

Дар Кӯлоб дасти кам 10 корхонаву ташкилотро ба додгоҳ кашиданд, хабар медиҳад агентии "Фараж".

Ба иттилои манбаъ, Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ин теъдод корхонаҳоро, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздоранд, ба додгоҳи иқтисодӣ кашидааст.

Манбаъ аз қавли Ҳамидулло Ғафуров, роҳбари тиҷории Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб менависад, ки қарзи 10 корхонаву ташкилотҳои ин шаҳр ба 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Гуфта мешавад, аз ин қарз 41 миллиону 341 ҳазораш аз корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ, 2 миллиону 795 ҳазораш қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, 8 миллиону 899 ҳазораш аз насосҳову пойгоҳҳои обкашӣ ва беш аз 97 миллиону 402 ҳазори дигараш аз аҳолӣ мебошад.

Миёни қарздорон, номи Беморхонаи вилоятии дар шаҳри Кӯлоб, Дармонгоҳи "Зарқалъа", Беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯлоб ва Мӯъминобод низ номбар шуданд, ки давоми 10 моҳи ахир қарзи истифодаи барқро пардохт накардаанд.

Ҳарчандуд додгоҳ даъворо ба манфиати идораи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ҳал кардааст, аммо ин идораҳо то ҳол маблағи қарзашонро насупоридаанд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш аз ҷониби Музаффарҷон Маҳмудзода, вакили парлумони Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки тарифи миёнаи нерӯи барқ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо дода буд, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки нархи нерӯи барқро ҳадди ақал ҳудуди 8 дарсад дар як сол боло барад, то вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуд ёбад.

Феълан нархи 1 киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам мебошад, ки аз тирамоҳи соли 2019 амал мекунад. Дар соли 2020 бинобар вазъи пандемия болобарии тарофаҳо мутаваққиф гузошта шуда буд. Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 9 дирами моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам дар моҳи сентябри соли 2019 расид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий