< Ба Тоҷикистон омадан мехоҳед? Виза шарт нест! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба Тоҷикистон омадан мехоҳед? Виза шарт нест!

Ба Тоҷикистон омадан мехоҳед? Виза шарт нест!
Аз оғози соли оянда шаҳрвандони 52 кишвар имкон хоҳанд дошт, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Дар ин замина қарори ҳукумат содир шудааст ва тибқи он, муҳлати будубоши ин шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон як моҳ муқарар шудааст.

Аз ин имтиёз, аз ҷумла зодагони Туркия, Олмон, Фаронса, Италия, Қатару Ҷопон ҳаққи истифодаро доранд. Ҳадафи ҷорӣ кардани сабукӣ, афзоиши вуруди сармоягузорӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба кишвар гуфта мешавад. Айни замон Тоҷикистон бо 58 кишвари олам реҷаи бидуни раводиди дуҷонибаро дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий