< Коронавирус ба Тоҷикистон баргашт? Вазорат аз мариз шудани ду нафар хабар дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коронавирус ба Тоҷикистон баргашт? Вазорат аз мариз шудани ду нафар хабар дод

Коронавирус ба Тоҷикистон баргашт? Вазорат аз мариз шудани ду нафар хабар дод
Вазорат мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ду нафар аз бемории коронавирус шифо ёфтанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне ҳастанд, ки ин ниҳод аз бемор шудани онҳо хабар дода буд

Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси қариб як моҳа боз ду мавриди бемор шудани шаҳрвандон ба коронавирвус сабт гардид.

Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, изҳор доштааст, ки ду нафар шабонарӯзи гузашта гирифтори коронавирус гардиданд. Ин ниҳод ҳамчунин зикр намуд. ки рӯзи гузашта боз ду нафари дигар аз вируси COVID - 19 шифо ёфтанд.

Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне буданд, ки вазорат рӯзи 15 октябр аз мариз шудани онҳо хабар дода буд.

Гуфта мешавад дар 24 соати гузашта ягон нафар аз ин беморӣ нафавтидааст.

Манбаъ меафзояд, аз оғози бақайдгирӣ то 9 ноябр дар Тоҷикистон 17 088 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 962 шифо ёфтаанд.

Илова бар ин, аз коронавирус дар Тоҷикистон 124 нафар ҷон бохтааст.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 авҷ гирифт.

Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий