< Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд

Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд
Чунин тадбир аз эҷоди "анклавҳо дар замини сунатии русҳо", пешгирӣ мекунанд, мегӯяд Миронов

Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси ҳизби "Русияи одилона - барои ҳақиқат" Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт.

Ба гуфти ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия заруранд. Лоиҳаи қонуни дахлдорро вакилон баррасӣ хоҳанд кард.

"Ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ. Мо чунин мешуморем, ки ин зарур аст", - гуфт Миронов.

Вай қайд кард, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад.

Вакил таъкид кард, ки дар чунин ҷойҳо аҳолии маҳаллӣ кам шуда, муҳоҷирон аз рӯи нақшаҳои фасодкорӣ сабти ном мешаванд ва иҷозаи иқомат мегиранд.

Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия тағйирот ворид кунанд.

"Барои латту кӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар шахс каме тарсида бошад, латту кӯб нашуда бошаду умуман ягон осеб надида бошад, панҷ соли зиндон ҷорӣ мешавад", - таъкид кард Миронов.

Ӯ таъкид кард, ки ба таҷрибаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия таваҷҷӯҳ зоҳир шавад. Ҳизб қабул кардани "тадбирҳои таъҷилии катъй"-ро талаб мекунад.

Қаблан порлумон ба вуруди соддаи муҳоҷирони корӣ ба кишвар мухолифат карда буд.

Ба гуфти Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва ҳамгироии Авруосиё, бояд мушаххас шавад, ки барои иҷрои ин тадбирҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, “онҳо аз ҷониби кӣ муайян карда мешаванд ва барои чӣ имкони даъвати муҳоҷирон бидуни квотаҳо имконпазир аст".

Комментарии (0)

Оставить комментарий