Ду рӯзи қабул ҳар ҳафта: Суҳбати ошкорои вазири тандурустӣ бо корафтодагон - акс
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар ҳар ҳафта имкони муроҷиати бевосита ва суҳбати озод бо роҳбарони ин ниҳодро доранд
Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон шикоятҳо аз сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ ва густурда будани фасод дар ин соҳа зиёд садо медиҳанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъолияти ин бахш яке аз масъалаҳои пурбаҳс ба шумор меравад.




Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандони мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, сокинон метавонанд бевосита суҳбати озод дошта бошанд ва мушкилоташонро ба миён гузоранд.
Ин ниҳод аз ҷумла аз қабули ахири шаҳрвандон аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориши аксӣ нашр карда, таъкид намудаст, ки вазир бо корафтодагон суҳбати ошкору озод анҷом дод.
Манбаъ афзуд, ки Ҷамолиддин Абдуллозода пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, барои ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Мушахассан аз мушкилоте, ки шаҳрвандон бо вазири тандурустӣ дар миён гузоштаанд, гуфта нашудааст.
Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон шикоятҳо аз сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ ва густурда будани фасод дар ин соҳа зиёд садо медиҳанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъолияти ин бахш яке аз масъалаҳои пурбаҳс ба шумор меравад.




Комментарии (0)