Размоиши "Бародарони абадӣ" бо ширкати Тоҷикистон дар Қазон оғоз шуд
Аз 8 то 12 ноябр дар Тотористон тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД “Бародарони абадӣ” баргузор мешавад.
Дар Қазон машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Бародарони абадӣ" оғоз мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Аз 8 то 12 ноябр дар Тотористон бо ширкати беш аз 1,7 ҳазор нафар машқҳои низомӣ баргузор мешаванд.
"Аз 8 то 12 ноябр дар тамрингоҳи Мактаби фармондеҳии олии танкии Қазон машқҳои муштарак бо Қӯшунҳои дастаҷамъии сулҳовари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" "Бародарони абадӣ - 2021 доир мешавад", - гуфта мешавад дар иттилоияи ниҳоди низомӣ.
Низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои коркарди амалҳои муштарак ва тамрин дар Русия ҷамъ омадаанд.
Дар ин тамринҳо аз Русия низомиёни воҳиди ҷудогонаи посдори сулҳи ҳавзаи марказии низомии вилояти Самара ширкат хоҳанд кард.
Омӯзиш дар ду марҳила сурат мегирад. Дар ин раванд тарҳрезӣ ва баргузории амалиёти посдори сулҳ, иқдомоти муштараки кишварҳои узви СПАД ҷиҳати ташкили лагери гурезаҳо ва ҳифзи он, гусел кардани корвонҳо бо борҳои башардӯстона ва хидмат дар гузаргоҳҳо таҳия хоҳад шуд.
Дар ҷамъбаст, низомиён тамрини бастани мавзеи аҳолинишин, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи шартии ғайриқонунӣ тасарруф шудаанд, ва нобудсозии онҳо машқ хоҳанд кард.
Дар ин тамринот дар маҷмӯъ беш аз 1,7 ҳазор нафар ва ҳамчунин беш аз 300 техникаи низомӣ, аз ҷумла ҳашт чархболи Ми-8 ва Ми-24-и Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои СПАД дар тамрингоҳҳои "Ҳарбмайдон" ва "Момирак" баргузор шуда буданд.
Комментарии (0)