< Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд

Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд
Намояндагони кишварҳои узви СААД барои баргузории тамринҳои низомии муштараки “Бародарии қавӣ” вориди шаҳри Қазон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ.

Намояндагони Беларус дар ин тамринҳои низомӣ бо таҷҳизоти худ иштирок мекунанд. Барои бақияи намояндагони кишварҳои узви СААД Русия муваққатан таҷҳизоти хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки машқҳои “Бародарии қавӣ” бо ширкати нерӯҳои СААД дар наздикии Қазон аз 8 то 12 ноябр баргузор мешаванд.

Дар онҳо Русия, Белорус, Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.

Вазифаҳои асосие, ки низомиён ҳал хоҳанд кард, ин кор дар урдугоҳи гурезаҳо, ҳамроҳии корвонҳо бо кӯмакҳои башардӯстона ва муқобила бо дастаҳои ҷангҷӯён мебошанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий