< Исмоилзода барои пӯшондани парвандаи Мадина аз мақом барканор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Исмоилзода барои пӯшондани парвандаи Мадина аз мақом барканор шуд

Исмоилзода барои пӯшондани парвандаи Мадина аз мақом барканор шуд

Cардори шуъбаи корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Исмоилзода дар робита ба қазияи Мадина Мамадҷонова аз мақом барканор шудааст.


Дар ин бора аз қавли се манбаи боварибахш дар ҳукумат ва мақомоти тафтишотӣ хабар доданд. Ба гуфтаи ин манобеъ, додситонии кулли Тоҷикистон аъмоли Зафар Исмоилзодаро месанҷад. Рӯзи 5 ноябр ба ҷои Зафар Исмоилзода Илҳом Ҷабборзода сардори ШВКД №2 ноҳияи Сино таъин шуд.

Ба гуфтаи манобе «қазияи Мадина» дар машварати кории ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 2-юми ноябр баррасӣ шуд.

Исмоилзода, ки шоми 2-юми ноябр пас аз анҷоми машварати кории аъзои ҳукумат аз мақом барканор шудааст, бо чанд зердасташ ва як корманди Додситонии ноҳияи Сино дар робита ба «тақаллубкории парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова» гумонбар мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий