Маълум шуд, тоҷикистониён дар Рӯзи Конститутсия чанд рӯз истироҳат мекунанд
Дар авоили моҳи ноябр сокинони Тоҷикистонро пайиҳам се рӯзи истироҳат мунтазир аст
Мақомоти Тоҷикистон ҷадвали кор барои нимаи аввали моҳи ноябрро эълон карданд.
Ҳамин тавр, дар робита ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ба сокинони Тоҷикистон як рӯзи истироҳатии иловагӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар рӯзи истироҳати расмӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи кории дигар низ рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд.
Имсол дар тақвим рӯзи истироҳат ба рӯзи шанбе рост меояд.
Ҳамин тариқ, дар робита ба таҷлили 27-умин солгарди қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайиҳам – рӯзҳои 6, 7 ва 8 ноябр истироҳат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣбаргузор шуд, ки дар Конститутсияи ҷумҳуриро қабул гардид.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор кабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел, омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.
Комментарии (0)