< Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: Мошин ба дарё сарозер шуду се мусофир фавтид
Бар асари ин ҳодиса ду сокини ноҳияи Роштқалъа ва яке аз ноҳияи Ёвон даргузашт

Дар шоҳроҳи Душанбе - Рӯшон - Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод.

Хабари сонеҳаи нақлиётиро дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда нашр карда, зикр намудааст, ки ҳодисаи нохуш рӯзи якуми ноябр дар километри 474 -уми ин шоҳроҳ рух додааст.

Манбаъ меафзояд, мошини тамғаи "Тайота Ҳундай", ки ба НБО "Роғун" мутааллиқ аст, дар мавзеи деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Сабаби сарозер шудани ин мошин ба дарёро КҲФ нагуфтааст.

Ин ниҳод дар идома қайд намудааст, ки дар натиҷаи сарозер шудани мошин ронанда бо мусофирони худ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

КҲФ мегӯяд, ду нафар аз мусофирони даргузаштаи мошин сокинони ноҳияи Роштқалъа ва як тани дигар сокини ноҳияи Ёвон будааст.

Тафсилоти бештари ин ҳодиса феълан дар даст нест ва мақомоти дахлдор машғули таҳқиқи қазия ҳастанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий