< Омодагии Тоҷикистон ба пешниҳоди имконоти логистикии худ ҷиҳати ёрӣ ба Афғонистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омодагии Тоҷикистон ба пешниҳоди имконоти логистикии худ ҷиҳати ёрӣ ба Афғонистон

Омодагии Тоҷикистон ба пешниҳоди имконоти логистикии худ ҷиҳати ёрӣ ба Афғонистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябр аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафирони нави Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Чехия Лаҳистон, Эстония ва Бангладеш ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо онҳо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боиси ташаннуҷи авзо дар минтақа гардидааст.


Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ  ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон омода аст имкониятҳои васеи логистикии худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.

“Қаламрави Афғонистон то ҳол манбаи паҳншавии таҳдиду чолишҳои муосир боқӣ мемонад ва кишвари мо, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар сафи пеши муқовимат ба онҳо қарор дорад», - гуфт Раҳмон.

Зимни суханронии худ ӯ ба чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда, ёдовар шуданд.

Дар маросими эътимодномасупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз - тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ, андешаронӣ кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий