< Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID - 19 ваксина намекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID - 19 ваксина намекунанд

Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID - 19 ваксина намекунанд
Дар Тоҷикистон то 1 ноябр аллакай 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ва ё 46,4 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID - 19 ваксина гирифтанд

Дар Тоҷикистон то ҳол масъалаи ваксиназании кӯдакон бар зидди коронавирус баррасӣ нашудааст. Дар ин бора сомонаи "Авеста" бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии азорати тандурустӣ, Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, масъалаи эмкунии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол матраҳ мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров зикр намудааст, ки то 1 ноябр 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ё худ 46,4 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд.

Микдори дуюми ваксинаи COVID-19-ро то санаи зикршуда 2 миллиону 150 ҳазору 542 нафар ё 36,9 фоиз гирифтаанд.

Маврид ба зикр аст, ки маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.

Аҳолии кишвар 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мегиранд, ки инҳо CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfaizer ва "Спутник V" мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий