< Додситони Душанбе аз "парвандаи Мадина" ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод: тафсилот » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додситони Душанбе аз "парвандаи Мадина" ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод: тафсилот

Додситони Душанбе аз "парвандаи Мадина" ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод: тафсилот
Рустами Эмомалӣ ҷаласаи вижае баргузор кард, ки дар он гузориши кормандони интизомӣ дар бораи қазияи пурсарусадои латукӯби як ҷавонзани душанбегиро шунид

Ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки гумонбарони ҳамлаи ваҳшиёна ва латукӯби сокини шаҳр Мадина Мамадҷонова дар пойтахт боздошт шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр.

Гузориши намояндагони ниҳодҳои қудратии шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи вижаи кории Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Илова бар ин, додситони шаҳри Душанбе дар бораи ҷараёни баррасии парванда ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод. Ба гуфтаи ӯ тибқи дастури раиси шаҳр алайҳи ҳамсарон А.Д. ва Л.Д., парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло марду зане, ки дар ин парванда ҳамчун гумонбари асосӣ қарор доранд, боздошт шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки парвандаро то ба охир расонанд, то ба гунаҳкорон тибқи қонун ҷавоб диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова аз Душанбе 25 августи соли 2021 нопадид шуд. Пас аз 14 соати нопадид шудан ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳр бурданд. Тибқи фарзияи пешакӣ, духтар шадидан латукӯб шудааст.

Гумонбаршуда дар ин парванда шаҳрванд А.Д. мебошад, ки эҳтимолан бо ҳамин тариқ имкон аст аз ҷабрдида барои муносибаташ бо шавҳараш қасос бигирад.

Ин ҳодиса вокунишҳои густурдаи ҷомеаро ба бор овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона баррасӣ мешавад.

Қаблан маълум шуд, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе муроҷиатнома навишта, дар он аз Рустами Эмомалӣ, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ хостаанд, қазияи Мадинаро зери назорат гиранд.

Ҷабрдида то ҳол дар ҳолати вазнин - кома қарор дорад, ва табибон пешгӯиҳои ноумедкунанда медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий